Тибқи дастуру супоришҳои и.в.Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Муминзода Мастура Табарӣ гуруҳи корӣ дар ҳайатӣ; мудири бахши кор бо занон ва оила Халилзода Н, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Хидирзода М, корманди КИ ҲҲДТ дар шаҳр Расулов М ва сардори ситоди ҲФ ва МГ Холиқов М суҳбату вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" тибқи усули "Хона ба хона" оиди таълиму тарбияи фарзандон, тартибу интизом, одобу муошират, шабгардию оворагардӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, худкӯшию худсӯзӣ, ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабинии Шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ аз хурофот, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбатвохӯрӣ баргузор гардид.
Муфассал
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф шуданд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳои хешро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Дар Паём гуфта шуд, ки воқеан Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст ва аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Муфассал