ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ БИНОИ КДФ «БММҒ» ШАҲР

.

Дар баробари дигар ташкилоту корхонаҳо масъулин ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар бинои нави худ корҳои ободониро вусат бахшида истодаанд.

Онҳо дар ин рӯз дар назди бинои корхона гулҳои мавсимӣ ва ниҳолони ороишӣ шинониданд, ки ба намои корхона ҳусни дигар зам мекунад.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОНИ ДОНИШКАДА

.

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ вохӯрӣ баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ОИЛАИ НАМУНА

.

Оилаи Акобировҳо яке аз оилаҳои фаъоли деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд“-и шаҳри Левакант буда, ҳамчун оилаи намунавӣ дар шаҳр шинохта шудаанд. Ин оилаи муваффақ тавсия ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, маводи ғизоии дусолаи худро аз маҳсулоти табии дастрас захира намудаанд.

ЛЕВАКАНТ: ДАРСИ КУШОД ВА ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ЛИТСЕЙИ №2

.

25-уми октябр, дар Литсейи давлатии рақами 2-и шаҳри Левакант, тибқи нақшаи муассиса бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои маърифатӣ ва адабию фарҳангӣ гузаронида шуд.

ЛЕВАКАНТ: КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - БАХТНОМАИ МИЛЛАТӢ ТОҶИК!

.

АНДЕША: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан қонуни асосиест, ки асосҳои ҳуқуқии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин асосҳои сохти давлатиро муайян менамояд. Он кафолатҳо ва принсипҳоеро ифода мекунад, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон бар он асос ёфтааст.

Принсипҳои Асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: