24-уми феврал, яке аз собиқадорони меҳнат-Юлдошов Акрам, ки дар бистари беморӣ (маъюбӣ) қарор дорад, аз ҷониби раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода ва дигар масъулин аёдат шуд. Инчунин ӯ бо кумакпулии яквақтаина аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия таъмин гардид.
Аз ин дидорбинию аёдати масъулин собиқадори меҳнат Юлдошов Акрам изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд.
Паёми шодбошии Муминзода Мастура Табарӣ, раиси шаҳри Левакант бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ботантана ҷашн мегиранд.
Муфассал