НБО «Роғун» устухоне дар гулӯи ифротиҳо беватан

.

 

Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин роҳ комёб  гардад, табиати нопоки душман бештар ҳамон вақт фаъол мегардад.

Тӯи Тоҷикистону мотами Кабирӣ  

.

Мардуми Тоҷикистон бесаброна воқеаи муҳими аср – ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Хурду бузург ба ин рӯзи бобаракат расиданро солиёни зиёд орзу мекарданд. Дар ин ҷашни фархундаи халқи тоҷик фардо меҳмонони олиқадр аз гӯшаву канори олам гирд омада, шодию сурури моро бо ҳам қисмат мекунанд. Коргару деҳқон ва зиёиёни тоҷик  аз таҷрибаи рӯзгор ба хубӣ дарк намудаанд, ки воқеан ҳам неруи барқ дар кишвари обшори мо қувваи асосиест барои пойдорӣ ва зистан.

Роғун-мотами Кабирии хоин

.

Ба ҷаҳониён маълум аст, ки Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ туй дорад, яъне кушодавии фаъолияти НОБ-и Роғун, ин рӯзи таърихиро миллати тоҷику тоҷикистониён солҳои зиёд мунтазираш буданд, акнун ин рӯзи фараҳбахш фаро мерасад ва номи миллати тоҷик ва сарвараш ҷоҳонӣ мешавад.

Нуре, ки наҳзатсӯз мегардад

.

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик саҳфаи наве зам мегардад. Саҳфаи пур аз ифтихор, саҳфаи ҷашну шодӣ. Саҳфаи ба маънии томаш Нурбахшу Нурбор.

         Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Аввалин шуълаҳои ҷонбахшаш  рӯзгори мардуми кишварро боз равшантар месозанд. Алорағми ҳама душманиҳо, монеасозиҳо, нобовариҳо ва шаку шубҳаҳо.

Дилҳо аз шодӣ ба ваҷд омадаву табассум дар лабҳои фарзандони миллат гул мекунад. Чун беҳтар гуфта наметавонам, мехоҳам чакидаҳои яке аз ҷавоншоирони миллат Беҳрузи Забеҳуллоро бо тағйири як мисраи он (албатта, аз шоир маъзарат мепурсам) рӯйи коғаз орам, ки дар ҳақиқат: