Семинар – машварат

.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Левакант бо мақсади  иҷроиши қарори Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2019  ва фармоиши раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2019, №61 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани маҷлису конференсияҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон» рӯзи 12  марти соли 2019 дар муасссиаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и шаҳр Пленуми Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр ва семинар - машварати дастурдиҳӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ, литсейҳо ва муасссиаҳои давлатии томактабӣ баргузор  гардид.

Баҳри солимии сокинон тадбирҳо андешида мешаванд.

.

Соҳаи тандурустии шаҳри Левакант баҳри солимии ҷомеа талош варзида истодаанд. Рӯзи 14.03.2019 гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С. Ҷ., директори  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С.С ва ҳамшираи тибби маркази солимии репродуктивӣ- Самиева З., дар муассисаи таълимии №4- и шаҳр, ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.  

Кабирӣ хостори нооромӣ дар Тоҷикистон аст

.

Интернет яке аз падидаҳои ҷаҳони муосир аст, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техника рӯйи кор омада, дар зиндагиву рӯзгори инсоният таҳаввулоти бузургеро ба амал овард. Зуҳуроти интернет ва бештар дастрасӣ пайдо кардани ҷавононро ба он эҳсос карда гурӯҳҳои тундгаро зуд даст ба кор шуданд. Мағзшӯи, ташвиқоту тарғиботи ақидаҳои дуруғини динӣ ва паҳн сохтани наворҳо бо даъват ба ҷиҳод ҷавонони зиёдеро аз саросари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистони мо низ гумроҳ намуда, онҳоро гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун яроқ барои амалӣ намудани мақсаду мароми нопоки худ истифода мебурданд. Ин ҳол тамоми мардуми  рушанфикри тоҷикро, ки оқибати ба ин роҳ рафтани ҷавононро хуб дарк мекарданд, ба шӯр овард ва онҳо бо овардани далелҳои рушану возеҳ ҷавононро аз мақсадҳои ниҳоии гурӯҳҳои ифротгаро огоҳ сохта, муваффақ бар он шуданд, ки пеши роҳи гаравиши ҷавонони тоҷик ба ин қабил созмону ташкилот гирифта шавад.

Хиёнат кардан нангу номуси миллатро фурӯхтан аст

.

Рӯзҳои охир аз саҳифаҳои интернетӣ хабарҳои ба Тоҷикистон омадану баргаштани яке аз мухолифини тоҷик, роҳбари собиқи ташкилоти террористии Гурӯҳи – 24 Шарофиддин Гадоевро дида, дигарбора эҳсос кардем, ки найрангу иғвогариҳои ин афроди фасодкору камхирад тамомӣ надорад.  Ҳамеша чун суханони пур аз таҳқиру таҳдид ва парту балои ба суроғаи роҳбарони вазорату кумита ва хусусан ба роҳбарияти олии кишвар ва аҳли оилаи онҳо гуфтаи Ш. Гадоевро мешунавам, нафратам ба уву ҳаммаслаконаш бештар мешавад. Биёед ба воқеият назар андозем. Ш. Гадоев кист? Мутаваллиди соли 1985. Яъне ин маънои онро дорад, ки ӯ замони алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз кӯдак буд ва чун дар ноҳияи Фархор мезист ҷанги шаҳрвандиро аз дур ҳам надида буд. Пас, барои Ш. Гадоев хеле осон аст таҳриф кардани ҳақиқати таърих. Он чи ки ӯ дар бораи воқеаҳои он ҷанги хонамонсӯз мегӯяд саросар дурӯғанду буҳтон. Дар урфият мегӯянд “То саг наҷакад соҳибаш нон намедиҳад”. Рафтору гуфтори Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслаконаш аккоси чоплусонаи сагеро мемонад, ки ба хотири луқмаи нон сару садо баланд мекунад.

Дасисабозӣ роҳи баргашти шумо ба ватан нест

.

ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом аз ҷумлаи гурӯҳҳои махсусан ташкилшудаест, ки мақсадаш сарнагун сохтани ҳукумати конститутсионӣ ва роҳандозӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ мебошад. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали ба майдони сиёсат омаданаш  ба ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик он қадар садама расонид, ки асараш то ҳанӯз дар қалби ҳар тоҷику тоҷикистонӣ боқист.