Ҷинояткор бояд ҳатман дар назди қонун ҷавоб гӯяд
Афрод ба андозаи нуқсонҳояшон
дигаронро озор медиҳанд-Жан-Пол Сартр
Зери мафҳуми ҷинояткор - шахси бераҳм, золим, қотил, ситамгар, бедодгар ва беотифа дар назар дошта мешавад. Шахсе, ки муқобили назму тартиб ва оромист. Шахсе, ки дур аз ҳама гуна қонуну қоида ва инсонгарист. Табиати ӯ пур аз кинаву адоват, хусумату душманӣ буда, мисли олами ҳайвонот танҳо қонуни ҷангалро меписандад. Вуҷуди ҷинояткор дар ҳар маконе нооромиву харобкорӣ ва фазои ғуборолудро ба миён меорад. Он ҷое, ки ҷинояткор бошад, фиғону нола ва нестист.