М. Садриддин ҷонибдори ҷинояткорон аст

.

Дар зиндонҳо ошӯб бардоштани зиндониён амали нав набуда,  ҳамеша эҳтимоли сар задани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин амалҳо ҳангомаю валвала ва овозаю дарвоза сохтан дар доираи одобу ахлоқи инсони солимфикр намеѓунҷад. Зеро барои ҳар як инсони соҳибандеша ва солимфикр маълум аст, ки агар ин қабил одамон ба роҳи рост рафта, зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро аз рӯйи рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ ба роҳ мемонданд, ҳеҷ гоҳ аз озодӣ маҳрум намегардиданд ва ба зиндон кашида намешуданд. Мусаллам аст, ки равонаи зиндон шудани одам акси амалҳо ва кирдорҳоиношоистаи худи ӯ буда, барои пешгирӣ аз нақшаҳои вайронкунанда ва ҷиноятҳои ояндааш бо муҳлате аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Чунки табиати инсонӣ мисли дигар равандҳои табиӣ бебозгашт буда, агар инсон ба амали ношоистае даст зад, хоҳу нохоҳ боз ҳамин гуна кирдорҳои аблаҳонаро такрор менамояд.

Оппозитсия-шутурговпаланги миллат (Ҷавоб ба сомонаи дурӯғпоши Муҳаммадиқболи Садриддин -«ислоҳ.нет» )

.

Дар сомонаи балегӯйи ҳалқаҳои ифротии «isloh.net», маводи мамлу аз ғайбат ва таҳқир бо номи «Ҳукумат - аждаҳои миллат» ба чоп расид. Дар саргаҳи ин дарёи ғайбат шахси инфъиолӣ, фирорӣ, даҳшатафкан, пуррӯ, орӣ аз нангу номус ва сустак Муҳаммадиқболи Садриддин меистад, ки аз ҳисоби сармояи ҳангуфти душманони миллат қути лоямут ёфта, ба ҳаромхӯрӣ машғул аст. Зи нопокон мадоред умед,  Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед, басо ҳадафманд гуфтааст. Ин гуфта ба М.Садриддин рост меояд. Писаир аршади яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ умри бешуури худро сарфи миллаткушӣ ва маҳалгароӣ кард.М.Садриддин, душмани шуурии ин миллат аст.

Дурӯғпароканӣ ва тасвири муғризона

.

Расонаҳои иттилоотӣ ба муқобили давлату миллати тоҷик фаъолияти тахрибкорона ва иғвогаронаро пеш гирифта, маҳз ин амали нангин зери роҳбарии аҷнабиён ва худи тоҷиконе ки дар хориҷ аз кишвар кору иқомат доранд, сурат мегирад. Сомонаҳои ба ном тоҷикии дар хориҷ фаъолияткунанда ба таҳрифи ҳаводиси кишвар даст мезананд. Воқеаҳои дохили Тоҷикистонро вобаста ба хоҳишу дархости роҳбарияти марказии воситаҳои иттиллотӣ, ки дар хориҷ маблағгузорӣ карда мешавад, шарҳу тасвир мекунанд ва дар он маводи зидду нақиз интишор меёбад.

АБВГД хости ташкили комиссионҳои шубҳаоварро ба гур бибаред

.

Созмони номафҳуми КШНГЗТ, ки шартан онро АБВГДейка меномем,  хилофи имлои забони тоҷикӣ иншо шудааст ва касе намедонад ин чӣ мафҳум аст, хостори таъсиси комиссия барои таҳқиқи куштори маҳбусон дар зиндон шуд. Ин хабарро сомонаи оппозитсияи фирорӣ, ифротӣ ва зиддимиллӣ payom.net нашр кардааст.