Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 14 маи соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо марказ тарзи ташакули тарзи ҳаёти солим ва кормандони КАТС-и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар кӯчаи Борбад хон.16 ш.Левакант гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: РОҲБАРИЯТИ ШАҲР АЗ ВАЗЪИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Имрӯз 14-уми май, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба вазъи корҳои саҳроӣ ва парвариши пилла дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» шинос шуд.

Ба шаҳрдор иттило дода шуд, ки нақшаи кишти пахта пурра иҷро гардида, меҳнаткашон дар майдони 1030 га пахта кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад. Алҳол бошад дар саҳро корҳои агротехникӣ бо ҷушу хурӯш ҷараён дошта, кишвоарзон баҳри ба даст овардани ҳосили хуби тиллои сафед талош доранд. Инчунин ғалла ва дигар зироатҳои полезӣ бошад нашъунамо меёбанду дар хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ҷамоат ҳар ваҷаб замин самаранок истифода гардидааст.

ОИЛААТОНРО ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

.

Имрӯз 14-уми май, бахшида ба Рӯзи Оила, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и ДБССТ дар шаҳри Левакант, Аксияи таблиғотии «Оилаатонро эҳтиёт намоед» баргузор гардид.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

.

Имрӯз 13 май, дар ҳошияи Рӯзӣ Оила дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон маросими ҷамъбасти озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло ва дигар намояндагону оилаҳои масъулиятшинос, аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.