ПАЁМИ ШОДБОШИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ МУМИНЗОДА МАСТУРА ТАБАРӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҳамдиёрони азиз!
Аз соли 1993 инҷониб бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи пурифтихор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши баланд дорад. Аз ин лиҳоз тамоми мардуми кишвари азизамонро ба ин рӯзи муқаддасу фархунда самимона шодбош гуфта ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нуру зиё, файзу баракат ва саодати рӯзгорро орзумандам. Бигзор ҳамеша тансиҳату хонаобод бошеду оилаҳоятон муқтадиру побарҷо гарданд.