Изҳороти Ситод - баёни воқеияти минтақа

.

Изҳороти Ситод - баёни воқеияти минтақа

Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари вазъи воқеии сиёсӣ, иљтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа мебошад ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, љиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи љамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурўҳҳои љиноятӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ин рў, барномарезиҳое, ки то имрўз дар муддати кўтоҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруѓ ва дигар минтақаҳои вилоят амалӣ гардидаанд, сазовори қадрдонӣ ва эҳтироманд. Агар ба қисмати муқаддимавии матни Изҳорот таваљљуҳ намоем, дармеёбем, ки Ситод љиҳати иљрои барномаи муназзами ҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Барои намуна, масъулини Ситод аллакай то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљӣ ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира кардаанд. 
Дар чунин муҳлати кўтоҳ таҳти контрол гирифтани минтақа, риояи дурусти тартиботи љамъиятӣ, љустуљў ва пайдо кардани љинояткорон ва саркардагони онҳо кори саҳлу осон нест, аммо масъулини Ситод ин вазифаи худро бошарафона адо карданд.
(Масъалаи харидуфурўши аслиҳа ва маводи мухаддир имрўз ба масъалаи доѓи рўз дар ҳудуди Бадахшон табдил ёфтааст ва тоифаҳои љинояткор барои интиқоли маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон ба минтақа аз ҳар имконият истифода мебаранд. Воқеан, таъкидҳое, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо љамоатчигии Хоруѓ дар самти пуштибонии гурўҳҳои љинояткор, ки ба харидуфурўш аслиҳа ва маводи мухаддир машѓуланд, баён доштанд, саривақтианд. Бояд љилави љинояту љинояткорӣ дар Бадахшон, ки бо тиљорати аслиҳа ва маводи мухаддир сахт алоқаманд аст, гирифта шавад ва дар пайи иљрои барномаҳои мушаххас Ситоди мазкур ташкил шудааст ва ҳадафаш поккории љинояткории муташаккил дар минтақа мебошад. Ин аст, ки Ситод љинояти аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии сокинони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз ҶИА ба ВМКБ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ намуд. Дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуданд, вале ҳангоми азназаргузаронии макони ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи афъюн дарёфт ва мусодира карда шуд. Ситод мушаххас кард, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд. Бо таваљљуҳ ба ин, аҳолии маҳаллиро зарур аст, ки бо мақомоти қудратӣ ва интизомӣ љиҳати мубориза бо гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурўши аслиҳа ва муҳимот ва дар ин замина, ҳалли қазия ҳамкорӣ намуда, пеши роҳи љинояткорӣ дар минтақаро бигиранд.
Ситод дар самти ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Тибқи Изҳороти Ситод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 ҳолати мастӣ ва 2249 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид. Ҳамин тариқ, Ситод дар муддати кўтоҳ тавонист корҳои зиёдеро дар самти риояти тартиботи љамъиятӣ, дарёфти аслиҳа ва муҳимот, бастани роҳи гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва ниҳоятан, пешгирии љинояту љинояткорӣ дар минтақа ба сомон расонад.
Муҳим ин аст, ки Ситод воқеиятро баён сохтааст ва мутмаинем, ки сокинони шаҳри Хоруѓ ва мардуми сарбаланди Бадахшон масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поккории љинояткорӣ дар минтақа бо мақомоти зиддахли давлатӣ ҳамкорӣ менамоянд ва аз ин тариқ дар ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд.

Фаридун Ориёӣ

“Инсони оқилро андеша бояд !”

.

Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунӣ хабарҳое ба чашм мерасад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Аз он ҷумла фавти Шейхов Абдулло Маҳмадаминович дар шаҳри Дортмунти Олмон, ки умри на чандон тўлоние яъне ҳамагӣ 46 сол умр доштааст.

Волоияти қонун-кафили зиндагии осоишта

.

Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.

МУРОҶИАТНОМАИ ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

.

МУРОҶИАТНОМАИ 
ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Мо – ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳороти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ-ро хонда, хеле мутаассир гардидем, зеро Шумо – мардуми шарифи Бадахшон як пораи ҷигари мо, як ними тани моед ва то ҳанўз дар ин минтақа ба таври ҳангуфт бо дасти ду – се ҷинояткор ҷамъоварӣ шудани муҳимоти ҷангӣ хеле таассуфовар аст. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткор маҳал, дину мазҳаб ва Ватан надорад. Барои онҳо қадру қимати инсонӣ ба як пули пучак намеарзад, зеро эшон тамоми муқаддасоти инсониро бо пулу мол андоза мекунанд. Барои манфиат бардоштан онҳо омадаанд, ки ба мудҳиштарин ҷиноят даст зананд, ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, яроқу аслиҳа харидуфурўш намоянд. Барои ҳамин ба ин гурўҳ умед бастан ва эътимод намудан камоли нодонист. Ин афроди ҷиноятпеша Шуморо чун сипари худ қарор дода, дар пуштатон пинҳон шудаанд ва Шуморо чун бозичаи дасти худ бозӣ даронданианд, онҳо ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ дастёб шуданианд.
Бародарони бадахшӣ! Фирефтаи ваъдаҳои хоми ин ҷинояткорон нашавед ва онҳоро фош намуда, ба панҷаи қонун супоред. Дар ин кор мо ҳамеша ҳамдасту пуштибону мададгори шумоем ва агар лозим шавад, аз ҳамин рўз барои тинҷию амонии диёр ба Бадахшон, ба кўмакатон мешитобем. 
Мову Шумо бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ҷоноҷонамон – Тоҷикистон расем. Шукр, ки 27 сол боз ба ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият ба мо озодии комил эҳдо намудааст. Аммо ҳоло ҳам дар як гўшаи биҳиштосои Ватани мо – Бадахшон баъзе ашхоси ҷиноятпеша бедодгарӣ намуда, айши мардумро талх мекунанд.
Шумо аз таърихи гузаштаи Бадахшон хуб огоҳед ва мардуми ҷафодидаи ин сарзамин ҷабру зулми аҷнабиёнро хеле зиёд кашидааст. Бинобар ин ба хотири озодии мулк, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандон ва якпорчагии Тоҷикистон биёед дар атрофи Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид шавем, зиндагии шоистаро барои худ ва пасояндагон таъмин намоем.

Ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни ДДБ ба номи Н.Хусрав:
1. Ҳасани Муродиён- ноиби ректор,
2. Наимов Қудратулло- сармуҳарири рузномаи “Фуруғ”-и ДДБ
3. Саймуминов Аҳлиддин- декани факултаи таърихи ДДБ
4. Абдураҳимов Қудратулло- ноиби ректори ДДБ
5. Шамсов Тоҷиддин- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДБ
6. Махкамова Дилором- мудири кафедраи рузноманигории ДДБ
7. Кодиров Илҳомҷон- декани факултаи филологияи тоҷики ДДБ
8. Маҳмадиева Мухаббат- саромузгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ
9. Казаков Рустам- мудири кафедраи таърихи ДДБ ва дигарон..

Дар чорсўи зиндагӣ СУҲБАТИ САРИ РОҲ

.

Дар чорсўи зиндагӣ
СУҲБАТИ САРИ РОҲ
Рўзи истироҳат бо мақсади аёдати шиноси деринаам, ки дар осоишгоҳи машҳури «Баҳористон» истироҳат мекард, озими роҳ шудам. Дар қабулгоҳ гуфтанд, ки дўсти ман дар бинои 3-юми осоишгоҳ мебошад. Ба дохили бино даромадам, ки навбатдори бино – духтари зебои ситорагарме маро истиқбол намуд.
- Чи хизмат, ако? – гуён ба ман мурољиат намуд. Ман номи дўстамро ба забон гирифтам. Духтараки навбатдор аз монитори компютераш зуд манзили истиқоматии дўстамро пайдо карда, гуфт: - Ба ошёнаи панљум бароед, дўстатон дар ҳамон љост.
Ман аз лифт парҳез карда, оҳиста-оҳиста тавассути зинапоя ба ошёнаи панљум баромадам. Дари ҳуљраи дўстамро кўфтам. Касе љавоб надод. «Шояд ба берун баромадагист» фикр кардам ва ба тарафи толори истироҳатӣ равон гаштам. Дар толори дамгирӣ ду нафар бону бо ҳам гарму љўшон суҳбат доштанд. Пас аз салом ба курсии мулоими рў ба рўи он бонуҳо нишаста, бо онҳо салом додам. Онҳо низ бо чеҳраи кушод ба саломам љавоб доданд. Пас аз муддате суҳбати мо бо онҳо ба вуқўъ пайваст. Маълум шуд, ки онҳо аз Бадахшон, аниқтараш аз шаҳри Хоруғ барои истироҳат ба «Баҳористон» омадаанд.
- Ман Бахтибегим Орифова, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ҳастам. Шаш рўз боз инљониб дар ин осоишгоҳ истироҳат дорам. Манзилу макони осоишгоҳ бароям хеле писанд омад. Шароиташ хеле хуб. Хеле миннатдорам. Шаш фарзандро ба воя расонидаам. Шукри даврони истиқлолият, шукри Пешвои миллат мекунем, ки барои мо чунин шароитҳоро муҳайё намудаанд. Шукр давлатамон тинљу осоишта, зиндагиамон рўз аз рўз хубтару беҳтар мешавад. Ба наздики Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ сафари корӣ доштанд. Ба камбудиҳои љойдоштаи корбарии роҳбарони вилоят баҳои сазовор доданд. Мана тағйиротҳои кадрӣ ҳам шуд. Акнун инҳо бояд худро нишон диҳанд, ки ба давлату халқ чи хел содиқона бояд хизмат кард. Яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир ба ғайр аз кулфату хатар дигар чиз надорад. Ин ҳама дар Бадахшон аз тарафи давлати ҳамсоя ворид мегардад, ки ба сари мардум кулфату ранљу хатарҳои зиёд меорад. Ман ҳамчун модар ин амалро сахт маҳкум менамоям. Имрўз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Бадахшон ба як гўшаи зебову нотакрор табдил меёбад. Дар Хоруғ корҳои ободониву созандагӣ дар ављ аст. Инро нодида гирифтани баъзе ашхос моро сахт ба ғазаб меорад. Ман модар ҳастам. Бояд ҳар як шаҳрванд аз ин давлату аз ин Сарвари давлат ифтихор кунад. Амну осоиштагиро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорад. Ин аст, таманно ман, як модари давроин соҳибистиқлолият, – гуфт дар суҳбат ин зани покизасиришти бадахшонӣ. 
Ҳини суҳбат бонуи дигар Сайлигул Ғарибмамадова, ки низ сокини маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аст, чанд ибрози андеша намуда, аз љумла зикр дошт, ки бори дуюм аст ба «Баҳористон» меояд ва ин рафту омадҳо ҳама аз вазъи орому осоиштаи кишвар буда, аз баланд рафтани сатҳи зиндагӣ мебошад. Мавсуф низ аз доштани силоҳи ғайриқонунӣ, аз саркашии баъзе аз љавонҳо хусусан яке аз сардорони гурўҳҳои муташаккили љиноятии шаҳри Хоруғ Толиб Айёмбеков ва чанде дигар аз чунин ашхос аз хизмати ҳарбӣ, ноором кардани вазъи љомеа, одобу ахлоқи ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз таассуроти некаш аз сафарҳои Пешвои миллат ба Бадахшон ибрози андеша кард.
Дар ин асно ба толори истироҳатӣ бонуи сеюм даромада омад. Оина Зулфова, ки ҳамроҳи бонувони ҳамсуҳбатамон якљоя истироҳат мекард нав аз табобати навбатӣ баргашт, ба ҳамроҳонаш мурољиат намуд.
- Акнун навбати Шумост.
Аз суҳбати бонувони иродатманди бадахшонӣ, ки чанд муддат аснои интизории дўстам ба ман муяссар шуд, бисёр нуктаҳо бароям равшан гардид. Аз љумла, аз нигоҳдории яроқи оташфишон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ноором кардани вазъи љомеа аз тарафи гурўҳҳои муташаккили љинояткор, ки мақсади нопоку зишт нисбати сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат доранд ва бо ин роҳи тахрибкорӣ мехоҳанд мардуми оддиро гумроҳ кунанд, сахт маҳкум намуданд. Мардуми сарбаланди бадахшонӣ дар даврони истиқлолият ба рушди воқеии тамоми љабҳаҳо ноил гардида, дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалаӣ Раҳмон машғули кору пайкори созанда ва зиндагии арзанда мебошанд. Чеҳраҳои гарму суҳбати ширини бонувон гувоҳи он буданд, ки ҳамчу модар онҳо шукронаи даврони соҳибихтиёрӣ мекунанд ва дар таҳкими сулҳу амният ва бунёдкориҳо љидду љадали собит доранд. 
Дар ин асно аз роҳрав дўстам оғуш кушода ба тараф омад. Мо ҳолу аҳвол пурсида, бо се бонуи хушбахти бадахшонӣ, ки дар як гўшаи биҳиштосои Тољикистони соҳибистиқлол бо хотири љамъу шукронаи давлату Сарвари хирадманд фароғат доранд, самимона худоҳофизӣ намудам.
- Албатта, ба Бадахшон, ба Хоруғ биёед! – ҳини хайрухуш ҳар се баробар моро ба Бадахшон ба меҳмонӣ даъват намуданд.

Илҳом Раҳим Мадализода, узви Иттифоқи журналистони Тољикистон