Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.
ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР
ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант рӯзи 19.11.2019 дар толори МДТ «ЛКСК»-и шаҳр мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабини зиёда аз 60 нафар иштирок намуда, аз онҳо 12 нафарашонро духтарон ташкил медоданд.
Мо лаҳзаҳои баргузории ин иҷлосияро тариқи оинаи нилгун тамошо мекардем. Рости гап…агар андешаҳои ҳамонвақтаи мардумро, ки миёни ҳам мегуфтанд ҷамъбаст кунем, ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки дар байни мардум ҳаминхел фарзанди варзида бошад. Ҳеҷ кас боварӣ надошт! Зеро ки дар дасти ҳама силоҳ буд…Зеро ки ҳеҷ кас намехост ба тариқи қонуни зиндагӣ кору фаъолият намояд. Аз ин лиҳоз дар дили мардум як шуълаи гарм, меҳру муҳаббат нисбати ватану ватандорӣ пайдо шуд.
Рӯзи 18.11.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., ёрдамчии табиби шуъбаи вогиршиноси Ҷумахони Ш., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр - Акрамова С., ҳамшираи маркази солимии репредуктивӣ Муминова М., ва директори литсейи №1 Муминова М. дар литсейи №1 бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД), ғизои солим, гепатити А, В ва сил вохӯрӣ доир намуданд.
Дар таърихи 18.11.2019 дар Китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳри Левакант тибқи Низомномаи озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ...» бо иштироки директори маркази дарёфти рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр Нозимов И., мутахассиси рушди дарёфти истеъдодҳои назди бахши маориф Эшова Б., директорони китобхонаи марказӣ Валиева Б. ва бачагона Пайкишоева Ш. бо аъзоён ва хонандагони фаъоли китобхона, ки дар озмуни вилоятии «Фуруғи субҳи доноӣ...» иштирок хоҳанд кард, дар толори китобхона ҷиҳати тайёрӣ ба озмун аз асарҳои шоирони классику муосир ва шоирони ҷаҳон саволу ҷавоб доир гардид.