Иншоотҳои ҷашнӣ дар рӯзи Президент ба истифода дода шуданд.
Бахшида ба рӯзи Президент 16-ноябр ва дар ҳошияи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳри Левакант як ҳуҷраи стомотологӣ бо маблағи 115 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуд. Ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сарбанд, пули мошингузар дар деҳаи Нурафшон ва маркази хизматрасонӣ иборат аз дорухона, сартарошхона ва мағоза дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта ба истифода дода шунанд.