Оид ба таҷлили рӯзи Президент

.

Мудирони муассисаҳои таълимии томактабии №№2 ва 3 -  и шаҳр  Шомудинова Ш., ва Каримова Д. иттлоъ доданд, ки рӯзҳои  14 ва 15 ноябр  бахшида ба таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади парваридани меҳру муҳббат ба Ватан, тарбия намудани кӯдакон дар рӯхияи ватандӯстию ватанпарастӣ, донистани рӯзҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои синну соли омодагӣ ба мактаб барномаи идона гузаронида  шуд. Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ  дар васфи Ватан  шеърҳо қироат намуданд.

«Пуштибони ватанем»

.

18 ноябр аз рӯи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар муассисаи таълимии №2-и шаҳр таҳти унвони «Пуштибони ватанем» вохӯрӣ доир гардид, ки зимни баргузории он масъулини Кумита бо як гурӯҳ хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз суҳбат оростанд.

Вохӯрӣ бо иштирокчиёни Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр рӯзи 15 ноябр дар муассисаи таълимии №1 бахшида ба 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Файзуллоев, аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва аъзои маҳфили адабии «Гулбазм» вохӯрӣ доир гардид.

Нигоҳе ба гузашта «Илм омӯзед, адаб омӯзед, забон омӯзед. Забон надонед ба ману маву мн ба ҷое намерасед! Боз мегуям илм омӯзед! Чароки ояндасоз шумоед!»

.

Дар МТМУ №1 бахшида ба ду ҷашни бузарги давлатӣ, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент чорабинӣ доир гардид. Нахуст омӯзгорону хонандагони ин муассиса барномаи омоданамудаи худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.