Пайравӣ ва ғамхориҳои ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Баҳри дастгирии маюбон ва камбизоатон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант манзили истиқоматии шаҳрванд Қодирова Тоҷигул, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Зебонисо хонаи 10 ҳуҷраи 9, ки маъюби бистарӣ мебошад, таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.