
Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант чорабиниҳои гуногун доир гардид. Тантанаҳои Истиқлолият рӯзи 6-уми сентябр бо ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнӣ оғоз гардид. Тибқи хатсайр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси палатаи ҳисоби Тоҷикистон Чиллазода Қарахон, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ Шариф, И.в. Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин намояндагони ВАО дар шаҳр 6 иншоот, нуқтаи оби нушокӣ барои зиёда аз 500 оила дар деҳаи Гулистон, ҳавзи обсофкунӣ дар деҳаи Баҳодурон, муҳаррики обкашӣ дар деҳаи Хуррамдеҳ, маркази хизматрасонии хӯрокҳои миллӣ дар гардиши роҳи Левакант-Данғараи ҷамоати деҳоти «Гулистон», сехи дӯзандагӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо дар деҳаи Истиқлол ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мавриди истифода қарор дода шуданд.