ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Бо ташаббуси бахши маориф дар Листейи давлатии №1 рӯзи 5 сентябри соли 2019 конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост» доир гардид.
Бо ташаббуси бахши маориф дар Листейи давлатии №1 рӯзи 5 сентябри соли 2019 конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост» доир гардид.
Дар таърихи 2 то 4-уми сентябр дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ”доир гардид, ки дар ин озмун хонандаи синфи 7б -и Литсеи №1 шаҳри Левакант Хоҷаева Нигора иштирок намуда ҳамчун хонандаи беҳтарин сазовори диплом ва мукофотҳои молию пулӣ гардид.
Дар таърихи 4 сентябри соли 2019 таҳти роҳбарии Прокурори шаҳри Левакант мушовири адлияи дарачаи 1 Зайниддинзода Н.Ш., гуруҳи кории Прокуратураи шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо гуруҳи «Авангард»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Точикистон дар вилояти Хатлон, шуъбачаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Чумҳурии Точикистон дар шаҳри Левакант оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид бо муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» , оид ба қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар бораи пешгирии ҷинояткорӣ дар шаҳр, дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Вахдат вохӯрӣ доир намуда, корҳои фахмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фарогат Назарова, Суҳроб Валиев ва Нуринисо Ибодуллоева дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ доир намуда оид ба мавзуъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла истифодаи чархаи дувуми НБО «Роғун» даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат намуданд.
Дар санаи 03.09.2019 гуруҳи кории сайёри МВНМО –и вилояти Хатлон, ки ба он мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини идораҳои дахлдори вилоятӣ шомил гардида буданд, дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Левакант баҳри пешгирии касалиҳои сироятӣ, ВНМО ва ҳифзи солимии ҷомеа дар байни занҳои ҳомила, наврасону ҷавонон вохӯриҳо ташкил карда, корҳои таблиғотӣ бурданд.