
Рӯзи 1 сентябри соли 2019 бо иштироки раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахши маориф, омӯзгорону директорони муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 600 нафар хонандагони синфҳои 9-11 расо соати 07:30 дақиқа дар толори қасри фарҳанги шаҳр тавассути моҳвораи телевизионии “Тоҷикистон” бо пахши мустақим дарси сулҳро бо иштироки Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд. Баъд аз анҷоми дарси сулҳ раиси шаҳр Давлатзода З.Д. ба сухан баромада ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2019-2020 табрику таҳният гуфта ба онҳо хониши аъло ва бурдбориҳоро таманно намуд.