Саҳми ҳизбиён дар пешрафти соҳаи маориф!
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи амалӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баҳри дар сатҳи баланди омодагиҳо пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои барқ» ва ҶДММ «Сафарӣ» ба муассисаи таълимии № 12-и деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», барои сохтани синфхонаҳои иловагӣ, маҳсулоти сохтмонӣ аз қабили семент ва сангу шағал кӯмак расонида шуд.