Музафариятҳои дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант дар байни тимҳои Лигаи 2-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон

.

Рӯзи 13.08.2019 дар майдони варзишии ҷамоати деҳоти Киров 1-и ноҳияи Вахш дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо дастаи «Сарбанд»-и шаҳри Левакант рақобат намуданд. Дар ин мусобиқа дастаи футболбозони шаҳри Левакант бо ҳисоби 2 бар 1 ғолибиятро ба даст оварданд.

Муассиса ба қабули хонандагон омода аст

.

 Директори муассисаи таҳсилоти умумии асосии №9 Муҳиддинов Сафар хабар дод, ки рӯзи 14. 08. 2019 муассиаи таълимӣ пурра аз таъмири ҷори бароварда шуда, омӯзгорон бо хонандагони синфҳои якум машғулиятро оғоз намуданд.

Ғолибони Зебосанам -2019 даври дуюм аз шаҳри Левакант

.

Тибқи  мактуби кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2019, №1-(1)-528,оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанам-2019» дар таърихи рӯзи 13.08.2019 аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъоли шаҳр зиёда аз 38 нафар дар даври вилоятии озмуни «Зебосанам-2019» иштирок намуда, дар  натиҷаи ҷамъбаст 6 нафар ҷавондухтарони Левакант барои иштирок ба даври Ҷумҳурияви бо сарбаландӣ роҳхат гирифтанд. Ҳадаф аз иштирок дар ин озмун дарёфти чеҳраҳои нави зебо, дар ҷавондухтарон бедор намудани зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии бегонапастӣ дар самти либоспӯшии чавондухтарон ва занон мебошад, гуфт мутухассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  Ф.Набиева.

Паймони шикаста РАҚСИ ИШКАМ

.

Намедонам, чаро, аммо ба ин сафар ба Теҳрон поям намекашид. Аслан бояд шодӣ мекардам, ки Созишномаи сулҳ имзо шуд ва бозгашт ба Ватан наздик аст. Муҳоҷирати иҷбории панҷсола хатм меёбад.