Қабули хонандагон

.

Мудири кабинети методии бахши маорифи шаҳр Илёсов И. иттилоъ дод, ки дар Литсейи давлатии №2 – и ба номи Содиқҷон Каримов  қабули хонандагон ба синфи  якум  ба анҷом расида истодааст.

Дар Литсейи давлатии  №2 ду синфи 1 қабул карда шудааст, ки аз 1 - уми август инҷониб омӯзгорони пуртаҷриба Мирзоева Б. ва Зулфова М бо онҳо  машғулият гузаронида истодаанд.

Наврасон дустдорони китоб

.

Ҳафтаи сипаригашта китобдорони китобхонаи бачагонаи шаҳри Левакант ба 28 нафар хонандагони фаъол хизмат расонида  34 адад китобҳои тозанашри бадеи дастраси онҳо гардонида шуд.