ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШГАРОН 5-МЕДАЛИ ДИГАР ОВАРДАНД

.

Аз 19 то 21-уми сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба хотири гиромидошти АБДУҚАҲОР ҚОДИРОВ, мураббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, довари дараҷаи байналмилалӣ, байни наврасон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини "Самбо" баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант иштирок намуда, ду медали тилло ва се медали нуқра ба даст оварданд.

Дар ин бора аз МДМВ хабар доданд.

 
 
 
 
 

Дар ҳошияи 30-солагии ҲХДТ: ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТ

.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи бузурги сиёсиест, ки дар муҳимтарин марҳилаи давлатдориву бунёдгузории ҷомеаи демократӣ ба арсаи сиёсат ворид гардида, ҳамчун ҳизби зодаи даврони Истиқлоли Тоҷикистон бо дидгоҳи наву замонавӣ ва ғояҳои созандаву оядасоз миёни мардуми Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Агар ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андозем, ин неруи ояндасоз ва минбаъд ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар замони басо мушкилу муараккаби сиёсӣ бо ибтикори Сарвари ҷавони мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта, дар таҳкими раванди музокироти сулҳи тоҷикон, таъмини оромиву суботи ҷомеа, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва барқарорсозии харобаҳои ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ саҳми ниҳоят муҳим гузоштааст.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО ПАДАРУ МОДАР ДАР МТМУ №14

.

Имрӯз 20-уми сентябр, тибқи нақша-чорабинӣ, раиси Ташкилоти собиқадорони шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, собиқадорони меҳнат-полковник Мастов Абдулҳаким ва полковник Исмонқулов Абдуҷалол, мудири бахши дин-танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Нури Сарбанд”-Орзу Ашуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр бо падару модари хонандагон вохӯрӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: РӮДАКИХОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

ЛЕВАКАНТ: ТОЗАГИЮ ОБОДОНӢ ДАР КӮЧАИ РӮДАКӢ

.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати ободонию тозагӣ, тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ имрӯз 19-уми сентябр, дар кӯчаи Рӯдакӣ ва дигар минтақаҳои шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо иштирок намуда, саҳми худро дар тошзагии шаҳр гузоштанду ба истиқболи ҷашн ва санаҳои таърихӣ омодагӣ гирифтанд.