ЛЕВАКАНТ: ДУ ХОНАНДА МУВАФФАҚИЯТ БА ДАСТ ОВАРДАН

.

Ду хонандаи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, Юсупов Ёрмуҳаммад ва Астонаев Оқилҷон дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз наминатсияи технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Вобаста ба ин муваффақияти хонандагон аз Литсейи мазкур хабар доданд.

ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

.

Имрӯз 30-юми сентябр, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант-атрофи ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Коференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ҲАШАРИ ПАХТАЧИНИ ИДОМА КАРД

.

Имрӯз 29-уми сентябр, дар шаҳри Левакант, ҳашари пахтачини дар хоҷагии деҳқонии "Зарзамини Левакант" бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, маъмурият ва донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ идома кард. Дар ин рӯз ҳашарчиён наздики 1-тонна пахта чиданд, ки ин кумаки хеле хубе ба кишоварзон мебошад.

ЛЕВАКАНТ: ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саривақт ва беталаф ҷамовари намудани ҳосили пахта, тибқи барқияи фаврии МИҲД-и вилояти Хатлон, рӯзҳои 28-ум ва 29-уми сентябр, дар шаҳри Левакант, ҳашари дастаҷамъонаи пахтачинӣ эълон гардид.

РОҲРАВҲОИ МТМУ №12 ОБОД ГАРДИДАИСТОДААНД

.

МТМУ №12 яке аз муассисаҳои дурдасти шаҳри Левакант буда вай дар деҳаи Истиқлоли ҶД "Ваҳдат" ҷойгир аст. Ҳамакнун бо иқдоми хирадмандонаю ободгаронаи роҳбари тозатаъйини муассисаи мазкур устод АБДУРАҲИМОВ ЗОИР роҳрави асосии муассиса пурра сементпуш гардидаистодааст. Мутмаини комил дорем, ки бо корбарӣ ва ҳиси масъулияти баланди устод муассиса рӯз то рӯз ободу зебо ва пешрафт хоҳад кард.