Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатию давлатдории миллати куҳанбунёдамон, ки мо ба шарофати он имрӯзҳо тамоми иду ҷашнҳои хурду бузугри миллиямонро ботантана қайд менамоем. Дар пеш Рӯзи Рӯдакӣ истодааст, ки ба ин муносибат тамоми мардуми Тоҷикистон аз он ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд. Оид ба таърихи ин ҷашн, яъне Рӯзи Рӯдакӣ дар ёд бояд дошт, ки 3-юми майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид» илова карда шуд, ки тибқи он ҳамасола 22-юми сентябр дар саросари мамлакатамон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад.
Имрӯҳо дар ҳамаи кишварҳои пешрафта ба хотири баланд бардштани огоҳии ҷомеа аз бузургони илму адаб рӯзҳои ашхоси барҷастаашонро ҷорӣ намуда, эҳтиром ва садоқати худро нисбати таъриху фарҳанги миллиашон баён доштанд.
Рузи Иқбол дар Покистон, рӯзи Навоӣ дар Ӯзбекистон, рӯзҳои Саъдию Ҳофиз дар Эрон ва рӯзи Такур дар Ҳиндустон гувоҳи онанд, ки ин халқу кишварҳо аз гузаштаи худ эҳтиром намуда, пос доштани номи адибону олимони номии хешро вазифаи муқаддас меҳисобанд.
Рӯзи Рӯдакӣ эълон шудани рӯзи 22 сентябр, ки ба рӯзҳои аввали иди миллии тоҷикон Иди Сада ва иди забон рост меояд, бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик эҳтироми хоса ба Рӯдакӣ дошта, панду андарзҳои ӯро дастуруламали зиндагии худ қарор додааст.
Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо шоирони тавоное, чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедилу Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ва амсоли инҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштанду хоҳанд бардошт.
Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллати мост.
Таҷлили ин ид ба болоравии ифтихоли миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаю ояндаи тоҷик мусоидат мекунад ва масъулияти онҳоро дар рушду камоли Тоҷикистон меафзояд.
Муаллифони сарашмаҳои адабӣ- таърихӣ Абӯ Абдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакиро пурмаҳсултарин санъаткори бузурги таърихи адабиёти форс-тоҷик медонанд.
Устод Рўдакӣ асрҳо боз чун тараннумгари накӯкорию
адолат, дӯстию рафоқат, сулҳу субот ва муҳаббати миёни
одамон шуҳрат ёфта, бо унвонҳои волои Одамушшуаро,
Султони мулки сухан, Соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро,
Сардафтари шеъри ноби тоҷику форс ёд мешавад.
Дар ҳақиқат, агар мо ба мероси адабии намояндагони бузурги адабиёти ҳазорсолаи тоҷик-форс бо диққат назар афканем, ҳеҷ як шоиреро пайдо карда наметавонем, ки ҳатто сеяки миқдори дар сарчашмаҳо ишора кардашудаи осори адибии Рӯдакиро суруда бошад.
Як қисми сарчашмаҳои адабӣ – таърихӣ миқдори ашъори эҷодкардаи Рӯдакиро аз ҳафтод ҳазор то як миллиону сесад ҳазор дониста, қисми дигаре маҳсули адабии ӯро сад ҷилд нишон додаанд.
Аввалин ахборе, ки дар бораи миқдори ашъори эҷодкардаи Рӯдакӣ дар сарчашмаҳои адабӣ- таърихӣ ҳамчун як навъ далеле оварда мешавад, сухани машҳури шоири асри V1 ҳиҷрӣ (асри Х11) Рашидии Самарқандӣ мебошад. Рашидӣ дар яке аз қитъаҳои шеърии худ мақоми шоирӣ ва миқдори осори адабии Рӯдакиро чунин тасвир кардааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Ин сухани Рашидии Самарқандӣ бо баъзе тағйироти ҷузъӣ дар хеле сарчашмаҳо, аз ҷумла дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ҳабиб-ус- Сияр»-и Хондамир, «Ҳафт иқлм»-и Амин Аҳмади Розӣ, «Зинат – ул- Маҷолис»-и Маҷидӣ ва шарҳи «Таърихи Яминӣ»-и Шайх Манинӣ оварда шудааст.
Андарз ва панду ахлоқномаи Рӯдакӣ чунон дилкашу гуворост, ки аз мутолиаи он наметавон дил канд. Абёти панду ахлоқии устод Рӯдакист, ки моро ба сулҳу ваҳдат, ба ҷавонмардию ростқавлӣ ба илмомӯзиву фарҳангдӯстӣ даъват менамояд, дар замири мо тухми некиву накӯкорӣ ва муҳаббату садоқатро мепарварад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фидодае бигирӣ, мардӣ.
Султони шоирони Аҷам, устод Рӯдакӣ бо каломи таъсиркунандааш мардумро ба накӯкорӣ, инсондӯстӣ ва кирдори хирадмандона даъват меномояд:
Ин чаҳонро нигар бо чашми хирад,
На бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Имрӯз ҳам шеъри волову сухани миллатсози устод Рӯдакӣ ба рамзи фарҳанги оламгири тоҷик, ба хирадмандӣ ва созандагиву накӯкорӣ табдил ёфта, дар шинохт ва беҳдошти асолати миллӣ нақш мегузорад.
Азбаски Рўдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон барои пешрафт ва ҳалли мушкилиҳо мешуморад, даъват менамояд, ки ҳар як шахс онро омўзад. Шоир таъкид мекунад:
Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Вале таҷрибаи рўзгорро фақат аз рўи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Бинобар ҳамин, инсон барои он ки хирадманд шавад, даставвал бояд дониш омўзад. Ба фикри Рўдакӣ, ки хеле ҳаётист, дониш хирадро сайқал медиҳад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагӣ ба инсонҳо роҳи нек нишон медиҳад, аз ҳама бадиҳо, зарарҳо ва офатҳо ўро ҳимоят менамояд ва дар чашми мардум шахси донишманд ва хирадмандро муҳтарам мегардонад. Пас инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омўзад, дониш андўзад ва ҳунар ёд гирад. Ин сифатҳо дараҷаи баланди мақоми ҷамъиятии касро таҷассум мекунанд. Фарҳанг дараҷaи олии пайвастагии ақл, дониш, маърифат, адаб ва маданият мебошад. Рўдакӣ онро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бардоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рўй бар ин ганҷ, неҳ.
Шоири инсондўст, чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоқи нек, ҳунар ва дараҷаи илму дониш номбардори падару модар, аҷдод, миллат ва халқу ватани худ бошанд. Фарзандон набояд ба аслу насаби худ мaғрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва обрўи падарон ба фарзандони ноқобилу нолоиқ нафъе нест:
Эй дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Баръакс, устод Рўдакӣ ба шахсони ҳамадон, ки мисли дарё ҳамаро аз илми худ шодоб мегардонанд, бо эҳтироми фавқулодда нигариста, аз дониши онҳо шод мегардад:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо, мардумӣ ту ё дарёӣ?!
Ба ақидаи Рӯдакӣ, барои инкишофи шахсияти инсон бар замми андўхтани дониш ва ба кор бурдани таҷрибаи рўзгор тани сиҳат, феълу атвори нағз, номи нек ва хирад низ зарур аст. Ҳар касе соҳиби ин чаҳор неъмати илоҳӣ бошад, инсони хушбахт аст ва метавонад, ки бе ташвиш зиндагӣ ба сар барад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хўи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.
Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки ҳар як фард бояд пеш аз ҳама барои хештаншиносӣ, муайян намудани мақоми худ дар ҷомеа ва тақдири ояндаи хеш мубориза барад:
Замона аспу ту роиз, барои хешат тоз,
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз!
Миллати мо пайваста кӯшиш доранд, ки мероси гаронбаҳои гузаштагони худро бо пуррагӣ ба оламиён муаррифӣ намуда, ҳар як хишти бинои давлати нави соҳибистиқлоли миллии хешро мустаҳакам гузошта ва иморати давлатдории яке аз миллатњои қадимтарини олам – тоҷикон дар ҷаҳони мураккаби ибтидои ҳазорсолаи сеюм симои хоси хешро дошта бошад. Ин иморати муҳташам фарҳанги сулҳро мењвари асосии пешравӣ қарор дода, дар худ таърихи пурифтихори гузашта, арзишҳои умумимиллию умумибашарӣ ва ояндаи неки мардумро инъикос намояд.
Ҳар яки мо бояд бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим,
донишу таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи пайгиронаи
техникаю технологияи муосир душвориҳои имрӯзаро паси сар
намоем ва Тоҷикистони азизи худро ба сатҳи кишварҳои
пешрафтаи олам расонем, Ватани худро дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ, бузургони гузаштаи худ бирасем, мероси гузаштагонро ҳифз намоем ва ҳамеша шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро намоем.
Ҳар як фард бояд пандҳои бузургони миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ намуда, созандагию бунёдкориро мақсаду мароми асосии зиндагӣ қарор дода, баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯю заковати хешро дареғ надорад.
Устод Рӯдакӣ дар замонаш ифтихор аз он карда буд, ки шеърашро ҳама ҷаҳон шунид ва он ҷаҳоне, ки қаламрави забони форсӣ буд. Аммо имрӯз бо шарофати истиқлолии кишвар ва ба шарофати шеъри нобаш, шеъри оламафрӯзаш ва шукронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Абӯ Абдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ дар тамоми олам шуҳрат ёфтааст.