Вохӯрӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ

.

Рӯзи 5.12.2019 гурӯҳи корӣ бо иштироки табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С.,  муовини директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим  Холов С., ҳамшираи маркази солимии репредуктивӣ Хочаева Д., хамшираи тибби оилавӣ Чиллаева М. ва директори МТМУ №3 Холбоев Ф.  дар МТМУ №3-деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Вахдат» бо ханандагони синфҳои 9-10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД), ѓизои солим, гепатити А, В ва сил вохӯрӣ доир намуданд.

Занҳо масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд

.

5-уми декабр бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори маҷлисгоҳи литсейи давлатии №1 вохӯрӣ доир гардид, ки дар он мудири бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холмуродова М. ва сармуҳаррири нашрияи «Меҳровар» Отаева Ш иштирок намуда, бо занони фаъоли шаҳр дар бораи масъалаҳои муҳиму рӯзмарра суҳбати гарму ҷушон доир намуданд.

ҲХДТ неруи пешбари ҷомеа!

.

Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии Қитаоти Хатлони Роҳи Оҳан бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ХХДТ дар шаҳр Суҳроб Валиев, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Нуринисо Ибодуллоева хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дастгирии ниёзмандон амали хайру савоб аст

.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Сомон» бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова туйи домодии як ҷавон аз оилаи эҳтиёҷманд баргузор гардид.

Салоҳиятнокӣ дар таълим – талаби замон

.

Низоми таълими салоҳиятнок низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули  малакаи амалӣ равона мешавад. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнок ҷузъи таркибии малака ҳисоб гардида, барои  санҷидан, муқоиса кардан, намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.