ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...»

.

Рӯзи 3.12.2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун  40 нафар довталабон ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд. Дар озмуни мазкур аз шаҳри Левакант хонандагони синфи 10 – и литсейи давлатии №2 Атаҷанова Мавлуда ва Бобоева Фаришта дар номинатсияи  аз ёд кардану хондани асари адибони ҷаҳон хуб дониста шуда, аз тарафи раиси вилояти Хатлон бо ифтихорнома ва ба маблағи 1000 сомонӣ, инчунин хонандаи синфи 7 – и литсейи далатии №1 Хоҷаева  Нигора дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикони тоҷик  иштирокчии фаъол дониста шуда, ба маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Пешгири аз терроризму экстремизм

.

Рӯзи 3 декабри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр  таҳти раёсати Прокурори шаҳр,  мушовири адлия дараҷаи 1-ум Зайниддинзода Н., сардори ШВКД дар шаҳр, подполковники милитсия Муродзода Н., сардори ШКДАМ дар шаҳр Табаров И., сардори нозироти андози шаҳри Левакант Ғоибов С.  ва аъзоёни Шӯро баргузор гардид.

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИ АДАБӢ ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ АЙНӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИР”

.

Бино ба иттилои бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10-и шаҳр  рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ  баргузор гардид.

Рӯзи байналмилаллии мубориза бар зидди ВНМО

.

30- ноябр, дар ҳошияи  Рӯзи байналмилаллии мубориза бар зидди ВНМО, дар Муассисаи ғайридавлатии колеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант  чорабинӣ доир гардид. Шурӯъ аз соли 1988 ҳамасола 1- декабр ин рӯз қайд карда мешавад.

«Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба давраи ҷангӣ»

.

Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон аз 26 то 29- ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Левакант машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба давраи ҷангӣ» гузаронида шуд.