Озмуни “Маликаи наврӯз”

.

Рӯзи 15.03.2019 байни муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон озмуни “Маликаи Наврӯз” баргузор шуд. Дар озмуни мазкур Изатова Шамсоро аъзои маҳфили муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сазовори ҷойи дуюм гардид.

Кӯдакон зери таваҷуҳ қарор доранд

.

Оид ба ҳифзи ҳукуқи кӯдак дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Левакант рӯзи 15.03.2019 намоиши китоб таҳти унвони  «Тарбияи насли худогоҳ-кафолати рушди давлат» баргузор гардид. Дар толори хониш зери сарлавҳаи «Фарзандонро худогоҳу худшинос тарбия намоем» намоиши  доимамалкунанда тартиб дода шуда аст, ки бо маводҳои муҳим оиди мавзӯи номбурда ҳамеша пуррагардонида шуда, мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад.

Солимии ҷомеъа ҳадафи мост

.

Бо  мақсади  беҳтар намудани саломатии аҳолӣ кормандони Маркази  ташаккули тарзи  ҳаёти  солим Акрамова  Сумангул (директори марказ),  Зокирова Шамсия (мудири шуъба) бо ҳамшираи тибби оилавӣ  Собирова Ширмо рӯзи 11. 03.2019 дар кӯчаҳои  Энергетик  ва  Борбад  бо занону модарон дар мавзӯи «Солимии модару кӯдак» суҳбату вохурӣ  доир намуда, баҳри солимии модару кӯдак ба онҳо маслихатҳои муфид доданд.

Семинар – машварат

.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Левакант бо мақсади  иҷроиши қарори Пленуми Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2019  ва фармоиши раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2019, №61 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани маҷлису конференсияҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон» рӯзи 12  марти соли 2019 дар муасссиаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и шаҳр Пленуми Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳр ва семинар - машварати дастурдиҳӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ, литсейҳо ва муасссиаҳои давлатии томактабӣ баргузор  гардид.

Баҳри солимии сокинон тадбирҳо андешида мешаванд.

.

Соҳаи тандурустии шаҳри Левакант баҳри солимии ҷомеа талош варзида истодаанд. Рӯзи 14.03.2019 гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С. Ҷ., директори  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С.С ва ҳамшираи тибби маркази солимии репродуктивӣ- Самиева З., дар муассисаи таълимии №4- и шаҳр, ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.