Хиёнат кардан нангу номуси миллатро фурӯхтан аст
Рӯзҳои охир аз саҳифаҳои интернетӣ хабарҳои ба Тоҷикистон омадану баргаштани яке аз мухолифини тоҷик, роҳбари собиқи ташкилоти террористии Гурӯҳи – 24 Шарофиддин Гадоевро дида, дигарбора эҳсос кардем, ки найрангу иғвогариҳои ин афроди фасодкору камхирад тамомӣ надорад. Ҳамеша чун суханони пур аз таҳқиру таҳдид ва парту балои ба суроғаи роҳбарони вазорату кумита ва хусусан ба роҳбарияти олии кишвар ва аҳли оилаи онҳо гуфтаи Ш. Гадоевро мешунавам, нафратам ба уву ҳаммаслаконаш бештар мешавад. Биёед ба воқеият назар андозем. Ш. Гадоев кист? Мутаваллиди соли 1985. Яъне ин маънои онро дорад, ки ӯ замони алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз кӯдак буд ва чун дар ноҳияи Фархор мезист ҷанги шаҳрвандиро аз дур ҳам надида буд. Пас, барои Ш. Гадоев хеле осон аст таҳриф кардани ҳақиқати таърих. Он чи ки ӯ дар бораи воқеаҳои он ҷанги хонамонсӯз мегӯяд саросар дурӯғанду буҳтон. Дар урфият мегӯянд “То саг наҷакад соҳибаш нон намедиҳад”. Рафтору гуфтори Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслаконаш аккоси чоплусонаи сагеро мемонад, ки ба хотири луқмаи нон сару садо баланд мекунад.