Ҷавоби мо созандагиву бунёдкорист
Аз ҷониби гурӯҳи мухолифини тоҷик барпо шудани тазоҳурот дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дархости озодии Бузургмеҳр Ёров, собиқ вакили дифоъ ва аз думравони содиқи ТЭТ ҲНИ бозгӯйи он аст, ки ин гурӯҳ майдатарин имкониятро барои сиёҳ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати дохилии он қодир ва омода ба ҳар кору амали пасту нописандида ҳастанд.