Ҳифзи сиҳатии аҳоли яке аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ !

.

17-уми июл тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумита хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он рушд бахшидан ба соҳаи тандурустӣ ва муҳайё сохтани инфрасохтори соҳа аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони шаҳр дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди Бокс

.

Тибқи маълумоти директори муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Тоиров А. рӯзҳои 6-7 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди Бокс байни наврасон баргузор гардид.

Рушди маориф асоси пешрафти ҷомеа

.

16-уми июл дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бахши маориф» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ доир гардид, ки мавзӯи меҳварии онро рафти таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии шаҳр, омодагии масъулон ба соли нави таҳсил ва мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар бар мегирифт.

Ҷамъбасти кори фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант дар шашмоҳаи аввали соли 2019

.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, вакилони Маҷлиси  вакилони халқи  шаҳр,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли равон баргузор гардид.

Ҷамъбасти мусобиқаи футбол миёни деҳаҳои ҷамоати дехоти Ваҳдат!

.

Мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ки бахшида ба чашни 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳудуди ҷамоати дехоти  «Ваҳдат» ҷамъбаст гардид.