ЛЕВАКАНТ: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН 100%, ИҶРО ШУД

.

Имрӯз 1-уми октябр, дар саҳни Қасри шаҳри Левакант, чорабинии сиёсии сафарбарии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонони навдаъватшаванда ва падару модари онҳо иштирок доштанд.

Левакант: Мусобиқаи шашка ва шоҳмот миёни омӯзгорон

.

Имрӯз 1-уми октябр, бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, бо ташаббуси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант, байни омӯзгорон мусобиқаи зеҳнии шашка ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур омӯзгорон иштирок намуда қуввасанҷӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ДУ ХОНАНДА МУВАФФАҚИЯТ БА ДАСТ ОВАРДАН

.

Ду хонандаи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант, Юсупов Ёрмуҳаммад ва Астонаев Оқилҷон дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз наминатсияи технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Вобаста ба ин муваффақияти хонандагон аз Литсейи мазкур хабар доданд.

ЛЕВАКАНТ: КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

.

Имрӯз 30-юми сентябр, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант-атрофи ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Коференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.