ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

.

Имрӯз 1-уми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО ва мутахассисони Муассисаҳои КАТС шаҳри Левакант, дар кӯчаҳои Зебониссо ва Фирдавсии қаламрави шаҳрак тариқи усули фардии «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ, МАСЪАЛАГУЗОРӢ ВА БАРРАСӢ

.

30-юми июн, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлис иҷрои супоришҳои протоколии маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр аз 23-юми июни соли 2025 ва вазифаҳои барои ҳафтаи ҷорӣ, рафти обунашавӣ ба рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ЛЕВАКАНТ: ТАЪМИРИ МУАССИСА ВА ОБОДОНИ ДАР МАҲАЛ

.

Субҳи имрӯз 30-юми июн, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни таъмири МТМУ №6-и деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳр дидан намуд.

Маврид ба зикр аст, ки муассисаи таълимии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти муассиса, ҷалби Кумитаи падару модар ва саҳми хатмкунандаҳои собиқи муассиса таъмири копиталӣ ва бомпуш шуда истодааст.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ САРБОЗОН ДАР ҶАШНИ ВАҲДАТ

.

Имрӯз 27-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло, комиссари ҳарбии шаҳр-Раҳимзода Анвар, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия-Эшова Боғигул, занону бонувони фаъол, ҳунармандони шаҳр, ба аёдати сарбозони қисми низомии 03 07, Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ рафтанд.

ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚА БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТ

.

Имрӯз 27-уми июн, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни наврасон мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант-Шодихон Сафарзода, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр-Абдуллоев Файзиддин иштирок намуда, ба ҳунару малакаи наврасон баҳои баланд доданд.