Истиқлолият ҳастии миллат
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДУ-ЯДРОИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР ДАҲСОЛАҲОИ ОЯНДА
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ
Имрӯз шанбе 5-уми июл, дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар, кӯчаҳои марказӣ, назди ташкилоту корхона ва маҳаллаҳои шаҳри Левакант шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар ин ҳашари дастаҷамъона кормандони ташкилоту корхона ва сокинон фаъолона иштирок намуда, дар тозагию ободонии шаҳр саҳми худро гузоштанд.
Бояд гуфт, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагӣ баҳри ҳифзи муҳити зист ва тозагии атроф пайваста гузаронида мешавад, ки ин дар тозагию ободи диёр нақши муҳим дорад.
Манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат буда наметавонад!
Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар буда, аз азал ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медод. Фарҳанги либоспӯшӣ дар байни мардуми ориёӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, ба маданияти рушдёфтаву ҷудогона табдил ёфт ва санъати либоспӯшӣ симои мадании миллати моро муайян ва муқаррар намуд.
ЛЕВАКАНТ: ФҲМОНДАДИҲӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАД
4-уми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар кӯчаи Борбад 28 ва Борбад 41-и қаламрави шаҳрак тариқи усули фардии «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
