ЛЕВАКАНТ: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО МУДИРОНИ БСД ВА МСД
Дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам оғоз меёбад. Вобаста ба ин бо ташаббуси директори Маркази ТТҲС ва Маркази Имуннопрофилактика дар Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бо мудирони БСД ва МСД, ҳамшираҳои тиб оилавӣ ва ваксинаторон муддати 3 рӯз семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд.
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ-БОХТАР
Субҳи шанбе 13-уми сентябр, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр, дар шоҳроҳи Левакант – Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар доираи иқдомҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимии Левакант вохӯрии гурӯҳи корӣ дар МТМУ №2 баргузор гардид
12-уми сентябри соли равон, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло, иштироки масъулини Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдак, бахши кор бо занон ва оила, масъулини Маркази ТТҲС, инчунин дигар фаъолон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр вохӯрии тарғиботӣ баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲ АЗ ҶАРАЁНИ ПАХТАЧИНИ БОЗДИД КАРД
Субҳи 10-уми сентябр, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвар боздид ба амал оварда, бо ҷараёни ҷамъоварии "тиллои сафед" шинос шуд.
Дар рафти боздид, раиси шаҳр ба деҳқонон ва пахтакорон дастур дод, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди рӯзҳои наздик ҷамъоварии ҳосилро фаъолона ба роҳ монда, онро то фаро расидани сардиҳо ба итмом расонанд.
Муминзода Мастура таъкид намуд, ки шаҳри Левакант дар чанд соли охир дар сафи пеши пахтачинӣ қарор дорад ва бояд ин мавқеъро дар мавсими ҷорӣ аз даст надиҳад.
Ҳадаф аз ин боздиди раиси шаҳр, ташаккули рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва таъмини иҷрои саривақтии нақшаи пахтачинӣ дар соли 2025 мебошад.
Дар кӯчаҳои шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронида шуданд
10-уми сентябр, мутахассисони Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Борбад 2, 2а ва 2б бо сокинон вохӯрӣ гузарониданд.
Ҳадафи ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба бемориҳои хатарнок ва роҳҳои пешгирии онҳо мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассисон ба сокинон оид ба камхунӣ, сӯхтанӣ, ботулизм, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), ҳорӣ, бемории сил ва саратони гарданаки бачадон маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
