Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқади»-и қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид.

Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд.

Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.

Вобаста ба далели мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image.png
 

 

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми январи соли 2026, тахминан соати 00.30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар аломати сарҳадии 151/2, қаноти чапи минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо», Отряди сарҳадии «Ёл», воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.
Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд.
Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шуд.
Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур бо дастрасии моддаҳои 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
 
Возможно, это изображение текст

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

23 декабри соли 2025, соати 23:30 дақиқа се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма»,  воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.

Дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд.  Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.

Дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.

Далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати «Толибон» дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки роҳбарияти ҳукумати «Толибон» аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеона изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ имконияти пурраи ҷисмонӣ ва ҷангӣ дорад. Минбаъд низ марзбонони тоҷик бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишварро аз таҷовузи беруна ҳимоя намуда, чун ҳамешагӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон ва ба ҳама гуна кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз Афғонистон ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором аст.

Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

 Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
 

ЛЕВАКАНТ: ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ ЧИ БАРРАСӢ ШУД?

.

22-юми сентябр, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант"-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ва фаъолон Маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: «АБУАБЛУЛЛОҲӢ РӮДАКӢ-ШОИР ВА МУТАФАККИРИ МАЪРИФАТПАРВАР»

.

22-юми сентябр, бахшида ба гиромидошт ва истиқболи Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти форсу тоҷик ва поягузори адабиёти классикии тоҷик, дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — шоир ва мутафаккири маърифатпарвар" Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.