ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНИЮ САБЗГАРДОНИ МАРОМИ МОСТ
Имрӯз 25-уми январ, тибқи нақшаи кабудизоркунӣ ва ободонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар кӯчаи Рӯдакӣ аз тарафи кормандони КДФ “ХМК”-и шаҳр ва дар дигар ҷайҳои муайянгашта аз тарафи кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин шанбегии дастаҷамъона кормандони тамоми кормандону корхонаҳо тариқи ҳашар саҳми худро дар корҳои тозагию ободонӣ гузоштанд.
дарсҳои омӯзишӣ оиди роҳои гузариш пешгири аз паҳншавии ва табобати бемории ВНМО ва бемории Сил
ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО ФАЪОЛОН
24-уми январ, тибқи нақша-чорабинӣ дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Левакант, бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
24-уми январ, дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ дар шаҳри Левакант, бо ҷалби раис, муовини раиси комиссия, котиби комиссия ва аъзои комиссияи участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр, Семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дарси омузиши оиди роҳои гузариш пешгири аз паҳншавии ва табобати бемории ВНМО ва бемориҳои мавсимӣ
Тибқи нақшаи кори дар санаи 23.01.25 сол,аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии Маркази пешгири ва мубориза бар зидди бемории Вируси Норасогии Масунияти Одам дар ш. Левакант, якҷоягии бо Маркази тарзи ташакули хаети солим, хамшираи минтақавии КАТС, дар ҷ/ш Сарбанд куч. Н.Хусрав 29 ва 30 ва куч.Э. Аъзам 34 ва 49 дарсҳои омӯзишӣ бо усули хона ба хона гузаронида шуд. Маърузаи дарси омузиши оиди роҳои гузариш пешгири аз паҳншавии ва табобати бемории ВНМО ва бемориҳои мавсими. Дар давоми омузиш ба иштирокчиён маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.