Ҳуқуқҳои кӯдакон ҳифз карда мешаванд

.

Рӯзи 28.08.2019 дар китобхонаи марказии шаҳри Левакант баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо масъулини шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, САҲШ, раисони маҳалаҳо дар ҳамбастагии барномаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” семинар машварат дар мавзӯи “Тарбия ва нигоҳубини фарзандон аз ҷониби падару модар ва пешгирии безарурият ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон (Интернатҳо)” доир карда шуд.

ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

.

Имрӯзҳо дар муассисаи таълимии №12 баҳри зудтар сохта ба истифода додани 2 синфхонаи иловагӣ, 1 китобхона ва ҳуҷра барои омӯзгорон  корҳои сохтмони ба тариқи ҳашар  дар сатҳи баланд рафта истодааст.  Дар рафти корҳои сохтмонӣ омӯзгорон ва аҳолии деҳа саҳми худро гузошта истодаанд.

Роҳсозӣ савоби ҷория аст

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сарбанд»-и ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузаронид.

Ҳадяи вакили маҳаллӣ ба соли нави таҳсил

.

Директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳр Гулакова Марзия хабар дод, ки  имрӯз 26 августи соли 2019 аз тарафи   вакили маҳаллӣ, муовини раиси  Ҳизби Халқии Демократӣ дар  шаҳри Левакант  Назарова Фароғат аз ҳисоби маблағҳои худаш  2 ҷуфт миз ва курсӣ  бахшида ба соли нави таҳсил ба муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳадя гардид. 

Машварати раисони ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант

.

Абдуллоев Сафар – Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр иттилоъ дод, ки рӯзи 21 августи соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  машварат бо  раисони ташкилоти ибтидоии кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид. Дар машварат масъалаҳо оид ба баҳси музди меҳнат, варақаҳои корношоямӣ,  назорати давомоти кормандон, таъмин намудани кормандон ба осоишгоҳҳо баррасӣ гардидаанд.

Дар машварат сармуҳосиби бахши маориф Буриев Д. иштирок намуда оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти муфассал дод.