ҒОЛИБИЯТИ АБДУҲОШИМ
Рӯзи 13 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи “Самбо” доир гардид. Чи тавре ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 Зубайдов Фаррух иброз намуд, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии мазкур Убайдуллоев Абдуҳошим Нуруллоевич дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вазни 75 кг ширкат варзида, ба ҳамаи ҳарифони худ дастболо гардид ва созовори ҷойи аввал, соҳиби медали тилло гардид.