ЛЕВАКАНТ: ОМОДАГИИ ДАЪВАТШАВАНДАҲО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

.

Ҳамасола 1-уми апрел, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гусели наваскарон дар даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ва то он рӯз Комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо Мақомотҳои маҳалллӣ ва дигар сохторҳои зиддахл ҷавонони ихтиёриро барои гусел омода мекунанд.

ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

.

Имрӯз 27-уми март, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр гузаронида шуд.

Дар оғоз Муминзода Мастура Табарӣ барои ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни байналмилалии Наврӯз ба тамоми фаъолон изҳори сипос намуд. Сипас ба масъулин вобаста ба идома бахшидани чорабиниҳои Наврӯзӣ дар сатҳи баланд, бо риояи суннатҳои Наврӯзӣ дар ҳамаи деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тибқи дастуру супоришҳои то 20-уми апрел супориш дод.

ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ "НАВРӮЗИ АҶАМ"

.

Имрӯз 23-юми март, аз субҳи барвақт дар шаҳри Левакант ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ тантана кард. Маликаи ҷашни Наврӯз баҳор ҳамчун рамзӣ Наврӯзӣ бо як гурӯҳ гулдухтарону ҷавонон шеърхонон дар кӯчаҳои шаҳр, омадани ҷашни бостонии Наврӯзро истиқбол намуданд.

Маросими гулгардонӣ аз ҷониби кӯдакон, ҷашнгирии наврӯз дар хонаҳои истиқоматии сокинон, бо расму оинҳои миллӣ аз бахши вижаи тантанаҳои Наврӯзии шаҳри Левакант буд.

ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ-ТАҲИЯИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

.

Ҷашни Наврӯзро бе ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ тасавур кардан ғайри имкон аст.

Дар рӯзҳои тантанаи Наврӯзӣ занону бонувони ҳунарманди шаҳри Левакант, бо пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ, суфраҳои ҳафтсину ҳафтшин ва омодаву таҳия намудани таомҳои миллӣ дар яке аз хонаҳои истиқоматӣ боз як маҳфили сирф миллию тоҷиконаро баргузор карданд.