Левакант: Наврӯзӣ дар деҳаи Тоҷикободи ҷ/д «Ваҳдат»
Бо омад-омади фасли баҳори ҳуҷастапай ва зиндашавии табиати диёр, дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, чорабинии идонаи Наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» сокинони, занону бонувони деҳа иштирок намуда, истиқбол аз баҳору Наврӯз карданд.
Бонувони ҳунарманди деҳа-таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумиро пешкаш намуданд. Гулдухтаракон бошанд, шеърхонию рақсу бозӣ ва хушҳолӣ карданд.
ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ АЗ ҶОНИБИ МАОРИФЧИЁН
Имрӯз 21-уми март, чорабинии идонаи Наврӯзӣ, ки аз ҷониби бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва муассисаҳои таълимӣ мураттаб гардида буд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр, баргузор шуд.
Дар чорабинӣ мудири бахши маорифи шаҳр-Раҳимов Файзулло, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон-Ҳотамов Фарух, роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр ва дигар меҳмонону омӯзгорон иштирок намуданд.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдид ба амнияти ҷаҳонӣ
Наврӯз – нишонаи ҷовидонаи тамаддуни тоҷик
Паёми шодбошии раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ.
Ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯзҳо дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам тантана дорад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонӣ–Наврӯзи ҳуҷастапай ва зеботарин фасли сол–баҳори гулбасар самимона табрик мегӯям.
Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Ин иди бостонӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб намуд.
ЛЕВАКАНТ: САЙЁҲАТИ НАВРӮЗӢ
Маъмурият ва кормандони Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ дар доираи тантанаҳои Наврӯзӣ, бо ба бар намудани либосҳои миллӣ дар маконҳои таърихӣ ва тамошобоби шаҳрҳои Бохтару Левакант сайёҳати Наврӯзӣ карданд.
Боиси зикр аст, ки дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.