ЛЕВАКАНТ: КУМАКИ КАТС БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

.

Кумак ба ниёзмандон ва шахсони камбизоат дар арафаи идҳои Рамазону Наврӯз яке аз корҳои хайру саваб мебошад, ки анҷомдиҳандаи кори хайр, савоби бештареро ба даст меорад.
Маъмурияти Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, дар арафаи ду иди бузург Наврӯз ва Рамазон ба 10-нафар аз оилаҳои камбизоат кумаки яквақтаинаи ғизоӣ рсониданд.
 
 
 
 
 

ЛЕВАКАНТ: “НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИВУ ҶАҲОНГАРДӢ”

.

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар толори фарҳангии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, таҳти унвони “НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИВУ ҶАҲОНГАРДӢ” Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар ин Конфронс, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон, ҷавонони фаъоли вилоят ва шаҳри Левакант иштирок намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШ ВАСИЛАИ МУҲИМИ ПЕШГИРИ АЗ ҶИНОЯТ ВА МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

.

Директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, бо дастпарварони Муасиса вохӯрӣ гузаронид.
Ӯ дар ин вохӯрӣ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри рушди варзиш, солимии ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгири аз ҷиноят ба варзиш машғул гарданд. Зеро варзиш ягона василаи пешгири аз ҷиноят ва муарификунандаи миллат мебошад.
 
 
 
 
 
 
 

ЛЕВАКАНТ: ПЕШГИРИ АЗ ОДАТҲО ВА ОМИЛҲОИ БАД

.

Масъулин ва мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирии ВНМО, дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, тибқи нақшаи муштараки корӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб корҳои таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ мондаанд.

Бо риояи қонуни танзим метавон пеши роҳи хурофотро гирифт!

.

 
Дар замони соҳибистиқлолии давлати азизамон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунҳои миллӣ ба тасвиб расиданд, ки дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муҳим гузошта истодаанд.
Дар робита ба ин, яке аз иқдоми муҳими роҳбарияти Олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Тайи 17 соли охир қонуни мазкур қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа мебошад.
Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.