ЛЕВАКАНТ: ГУЛШИНОНИ ВА ТОЗАКОРӢ ДАР НАЗДИ МДТТ №1

.

Маъмурияти муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант, бо ҳисси баланди зебоипарастӣ имрӯз 3-юми апрел, дар муассиса ва роҳравҳои беруни муассиса як миқдор гулҳои мавсимӣ шинонида, тозагии гирду атрофро таъмин намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ

.

Яке аз роҳҳои пешгири аз ҷиноят ва одатҳои бад, ин ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.

Масъулин ва мураббиёни Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, тибқи нақша-чорабиниҳои худ, баҳри кам кардани сатҳи ҷиноят, ҷавонону наврасонро ба варзиш, мусобиқаҳои варзишӣ, алалхусус гуштини миллӣ ҷалб сохтаанд.

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ЛЕВАКАНТ

.

4-уми апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр ва хоҷагидорон дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Зарзамини Леваканти”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба истифодаи навъҳои серҳосили пумбадона, ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба меҳнаткашони шаҳри Левакант ҳангоми оғози кишти пахта дастуру тавсияҳо доданд.

ЛЕВАКАНТ: НАВРӮЗӢ ДАР НЕРУГОҲ

.

Имрӯз 3-юми апрел, дар НБО-и Сарбанди шаҳри Левакант, чорабинии идонаи Наврӯзӣ бо шукӯҳу ҷалоли хосса тантана кард.

Дар ин чорабинӣ маъмурият ва кормандони корхона бо руҳияи болидаи идона иштирок намуданд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, суфраҳои ҳафтсин ва ҳафтшин чорабиниро ҷилои хосса бахшид.

Маъмурият ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллие, ки хоси баҳору наврӯз буданд дидан карданд.

Ҳунарнамоии ҳунармандон ва ҷавонони неругоҳ фазои хеле дилчаспу дилнишини идонаро ташкил намуд.

ЛЕВАКАНТ: МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ПЕШГИРИ АЗ КОРРУПСИЯ

.

3-юми апрел дар маҷлисгоҳи Литсейи касбии саноатӣ-кимиёи шаҳри Леваканти ДБССТ Мизи мудаввар дар мавзӯи “Коррупсия амали касодкунандаи ҷомеа” бо иштироки Олимзода Низора-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант-Сафарзода Умедҷон, сардори шуъбаи хазинадории раёсати молияи шаҳри Левакант- Зафар Азимзода, ва муҳосибони корхонаву ташколотҳои шаҳр баргузор гардид.