Вохӯрии табибон бо аҳолӣ

.

Кормандони МТТҲС  Зокирова Ш., Мирзоева М. бо ҳамшираҳои тибби оилавии МС Ш  минтақаҳои 6, 8, 5А, 9А Надимова М., Собирова Ш., Абдулазизова Б., Миракова Н. дар кӯчаҳои А.Дониш, Умари Хайём,  Борбад инчунин дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» байни истиқоматкунандагон доир ба бемориҳои сироятӣ, пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемории  сироятии  дарунрав ба воситаи  иммунизатсия идорашаванда «Рота вирус», бемории вараҷа ва гигенаи шахси суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.

Варзиш қосиди сулҳ

.

Бо ибтикори мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди самбо байни наврасон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа наврасон аз шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён низ иштирок намуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонон

.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр тибқи нақша чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ, адабӣ-бадеӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон 23 – май», таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар байни хонандагони муассисаҳои таълими №№2,14 ва ЛКСК мусобиқаҳои футбол, валейбол ва баскетбол баргузор гардид. Мусобиқаҳои варзишӣ идома доранд.

Мизи мудаввар таҳти унвони «Самараи умр»

.

Рӯзи 13.05.2019 бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори ЛКСК мизи мудаввар таҳти унвони «Самараи умр»бахшида ба рӯзи «Иди оила» бо иштироки раисони шуроҳои занони муассисаҳои таълимии шаҳр ва омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ баргузор гардид.

Маҷлиси иттифоқи касабаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1

.

Рӯзи 13 майи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. 

Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз 144 нафар аъзоён 111 нафар иштирок намуданд. Дар маҷлис маърӯзаи раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассиса ва комиссияи назоратӣ – тафтишотӣ шунида шуд.