Баргардонидани кудакон ба Ватан шодди ва боиси хурсандии ҳар як фарди бо нангу номуси миллат аст!

.

Хабари бо супоришу дастурҳои махсуси Роҳбарияти Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шудани 84-нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик, ки волидайни онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доштанд, боиси ифтихору руҳбаландии мо гардид. Зеро тавассути ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои худ бори дигар исбот гардид, ки мо дар ҳақиқат миллати инсондӯсту  муттаҳид ҳастем ва нангу номуси миллӣ дорем. Чуноне дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ дарҷ шудааст, ин ягона ҳодисаест, ки ба вуқуъ пайвастааст, ҳарчанд кӯдакони давлатҳои гуногун дар мавзеъҳои нигаҳдории ноболиғон дар ин сарзамин қарор доранд.

Озмуни «Мураббии сол»

.

Рӯзи 01.05.2019 дар муассисаи давлатии  таҳсилоти томактабии №3 бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа байни муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии шаҳр озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид.

Медали биринҷии Бахтовар Абдуллоев аз Ҷоми ҷаҳон

.

Бахтовар Абдуллоев, варзишгар аз шаҳри Левакант дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Мемориал Харлампиев» ҷои сеюмро ишғол намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт. Рӯзи аввал ин мусобиқаи варзишӣ 22- март, ки дар маҷмааи хурди варзишии «Лужники» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Бахтовар дар ин мусобиқа аз рӯи намуди самбои муҳорибавӣ дар вазни то 100 килограм иштирок намуд.

Суратгузориш аз рафти баргузории ҷашни Наврӯз

.

Рӯзи 22- март дар майдони варзишии марказии шаҳр бо иштироки С. Самизода, раиси шаҳри Левакант, Қ. Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва сокинони шаҳр ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.