«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст»
9- май дар майдони боғи «Ғалаба»-и шаҳр ба ифтихори 74- умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки раиси тозаинтихоби шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ҷамъомади бошукӯҳи идона доир гардид. Нахуст чорабинӣ аз маросими гулчамбаргузори дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони майдонҳои набард, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» оғоз ёфт.