Фарҳанги истифодабарии шабакаи Интернет

.

 Рӯзи  07.05.2019 бо ибтикори маркази  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант семинар машварати доимамалкунандаи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи «Фарҳанги истифодабарии шабакаи Интернет» баргузор гардид.

Ҷиҳати пешгирии бемории (ВНМО/БПНМ) масъулон талош меварзанд.

.

Рӯзи 7 майи соли ҷорӣ баҳри пешгирӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) аз ҷониби масъулини Муассисаи давлатии маркази  пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам дар муассисаҳои таълимии №№2,3 байни хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯриҳои судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 78 нафар иштирок намуданд.

Об манбаи ҳаёт

.

Рӯзи 07.05.2019 бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар толори МТМУ №2 дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин чорабини зиёда аз 140 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Баргузории мизи мудаввар

.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант рӯзи 06.05.2019 дар толори муассисаи мазкур, мизи мудавввар таҳти унвони «Баҳри ҳифзат ҷоннисорӣ мекунем, Ватан!» бахшида ба ҳафтоду чор солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузори ин чорабинӣ бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон мебошад. Дар чорабини зиёда аз 70 нафар таълимгирандагон иштирок намуданд.

«Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем!»

.

 4 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳамкорӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши маориф, КИ ҲХДТ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 13 ва 6 - и ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо хонандагони синфҳои ибтидои вохӯри доир гардид.