Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид
Дар арафаи Соли Нави мелодӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани дастархони мардум аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр дар майдони назди қасри фарҳанг ярмарка – фуруши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Дар арафаи Соли Нави мелодӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани дастархони мардум аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр дар майдони назди қасри фарҳанг ярмарка – фуруши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Рӯзи 31.12.2019 дар қасри фарҳанг бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба соли нави мелоди байни ташкилоту муассисаҳо озмуни ҳозирҷавоб (КВН) доир гардид.
Дар арафаи Соли Нави мелодӣ дирӯз, 30- декабр дар назди арчаи солинавӣ чорабинии калони консертӣ доир гардид. Ба консерт роҳбари ансамбли «Ориё»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони маъруфи кишвар Муҳаммадрофеи Кароматулло даъва шуда буд, ки бо савту оҳангҳои дилошуб табъи аҳли сокинони шаҳрро болида намуд. Дар охир тамоми аҳолии шаҳрро барои иштирок дар чорабинии тантанавӣ, ки дар назар аст имрӯз доир гардад, даъват намуданд.
Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо саҳми ҷавонони кӯчаи А. Ҷомии деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» кӯчаи мазкур пурра сангфарш ва чароғон карда шуд. Дар ин бора раиси ҷамоти деҳоти «Ваҳдат» Фаррух Султонов иттилоъ дод. Ҳамзамон ӯ зикр намуд, ки дар пайи ҳамин гуна ободонию созандагӣ сокинони деҳа азм доранд, ки дигар кӯчаҳоро низ сангфарш ва чароғон намоянд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти кӯмак ба ниёзмандон, имрӯз соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сармашқи кори худ карда, пайваста дар иду ҷашнҳо ба ниёзмандон кӯмак мерасонанд.