Вохӯрии судманд

.

 Имрӯз 22.08.2019  бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади амалӣ намудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд» дар якҷоягӣ бо кормадони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш. Левакант, ташкилоти наҷоти кӯдакон дар маркази деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки зиёда аз 80 нафар сокинони ин деҳа вохӯрӣ доир намуд. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад, гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Н.Халилова

Ҷилваи рангҳо –чеҳраи Ватан

.

Дар асоси мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 15.08.2019, №3/354 ва бо мақсади  иҷрои Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №1140 «Ҷадвали  баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои  мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 201-2021» рӯзи 21 августи соли 2019 дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» аз рӯйи 7 номинатсия баргузор гардид, ки дар он  кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон ва занони шаҳр зиёда аз 48 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи ҷамъбасти фестивал шаҳри Левакант сазовори дипломи дараҷаи якум гардиданд.

Роҳсозӣ савоби ҷория аст!

.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти Гулистон  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.

Китоб манбаи дониш аст

.

Ҳафтаи сипаригашта китобдорони китобхонаи бачагонаи шаҳри Левакант ба 18 нафар хонандагони фаъол хизмат расонида 23 адад китобҳои тозанашри бадеи дастраси онҳо гардонида шуд.

Ҳамзамон дар толори китобхонаи бачагонаи шаҳр озмун таҳти унвони «Китоб дусти беҳтарин» ва мизи мудаввар доир карда шуд.

Саҳми ҲХДТ дар ободонии деҳот

.

Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба татбиқи Аксияи амалӣ тарғиботии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита, Муҳаммад Исмоилзода, корманди масъули Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», Бозор Қурбонов, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи «Навобод» ва сокинони деҳаи Навобод хониши сиёсӣ доир гардид.