Дидан намудан аз мавзеъҳои таърихӣ

.

Вобаста ба солҳои рӯшди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” як гурӯҳ маорифчиён, аз ҷумла омӯзгорон ва кормандони техникии  муассисаи таълимии №7 – и  шаҳри  Левакант моҳи августи соли ҷорӣ барои саёҳати мавзеъҳои таърихии қалъаи Ҳисор ва осоишгоҳи “Алмосӣ”-и ноҳияи Ҳисор сафар намуданд.

Муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил омодаанд

.

Директорони муассисаҳои таълимии №4  Мусоев Хайриддин, №5 Баротов Абдулҳақ ва №12 Шеров Давлат  иттилоъ доданд, ки муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда, синфхонаҳо бо асбобҳои айёнӣ таҷҳизонида шуда, барои қабули хонандагон ба соли нави таҳсил пурра омода шудаанд.

Истиқлолият ганҷинаи бебаҳост

.

Рӯзи 27.08.2019 бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти  “Гулистон” “Шоми Истиқлол” баргузор карда шуд.

Таъмини хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ

.

Мутасаддӣ оид ба сару либосҳои ягонаи мактабӣ директори муассиаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф Гулакова Марзия иттилоъ  дод, ки имрӯзҳо аз тарафи падару модарон ҷиҳати таъмини  фарзандонашон бо сару либоси ягонаи мактабӣ аз коргоҳҳои дузандагии  дохили шаҳр харидорӣ шуда  истодааст. Директорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини дӯхти сару либосҳои мактабӣ чораҳои заруриро амалӣ карданд.

Ҳуқуқҳои кӯдакон ҳифз карда мешаванд

.

Рӯзи 28.08.2019 дар китобхонаи марказии шаҳри Левакант баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон. Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо масъулини шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, САҲШ, раисони маҳалаҳо дар ҳамбастагии барномаи “Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта” семинар машварат дар мавзӯи “Тарбия ва нигоҳубини фарзандон аз ҷониби падару модар ва пешгирии безарурият ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон (Интернатҳо)” доир карда шуд.